Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар бахши ҳавопаймоӣ тавсеа мебахшанд

Июль 29, 2016 16:34

Душанбе, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар соҳаи ҳавонавардӣ тақвият мебахшанд. Дар ин росто дар Теҳрон мулоқоти Сафири  фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода бо сардори Идораи  ҳавонавардии мулкии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Обидзода доир гардид.
Дар мулоқот масоили вобаста ба сатҳи  кунунии равобити дуҷониба дар бахши иртибототи ҳавоӣ баррасӣ шуданд.  Мусоҳибон доир ба зарфиятҳо ва имконоти  мавҷуда дар бахши ҳавонавардӣ ва  густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар ин самт табодули назар карданд.
Дар мулоқот ҳамзамон намояндаи  тозатаъйингардидаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» дар Эрон Фаррух Акобиров муаррифӣ гардид.
Лола Кенҷаева сардори маркази матбуоти ҶСК  «Тоҷик Эйр» мегӯяд, ки алҳол дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Эрон ва Чин намояндагиҳои «Тоҷик Эйр» фаъолият доранд.

Июль 29, 2016 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад