«Тоҷикстандарт» кӯдакони ятимро ба Қаратоғ фиристод

Июль 7, 2016 16:37

Душанбе, 07.07.2016/АМИТ «Ховар»/. Кормандону мутахассисони Агентии стандартизатсия,  метрология, сертификатсия ва нозироти  савдои  назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва марказҳои зерсохтори он дар арафаи Иди саиди Фитр  ба қишрҳои гуногуни ниёзманди аҳолӣ  ба маблағи  қариб 40 ҳазор  сомонӣ кумакҳои хайриявӣ расониданд.Ин кумакҳо аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» дар асоси дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди супоридани садақаи фитр ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ба ятимону барҷомондагон ва маъюбон расонида шуд,- гуфт  Мурод Ашӯров сардори маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт».
Мавсуф афзуд, ки ба кӯдакони ятим ва  тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ ба маблағи қариб 10 ҳазор сомонӣ ва дигар ташкилоту ҷамъиятҳои маъюбон, собиқадорону нафақахӯрон ва оилаҳои кабизоат   ҳудуди 27 ҳазор сомонӣ кумакҳои хайриявӣ, ки асосан аз маводи хӯрока ва кумакпулӣ иборат буданд, расонида шуд.
Ҳамзамон  намояндаи масъули мақомоти «Тоҷикстандарт»-и кишвар зикр кард, ки бо мақсади дар фасли тобистон ба истироҳат фаро гирифтани тарбиятгирандагони мактаб-интернати  дар ноҳияи  ба номи  Ҷалолидини Балхӣ воқеъбуда, 30 нафар бошандагони ин мактаб интернат барои истироҳат ба лагери Қаратоғ фиристонида шуданд. Бояд зикр кард, ки мактаб-интернати мазкур,  ки дар он асосан ятимон ва ятимони кул ба тарбия ва таълим фаро гирифта шудаанд, таҳти сарпарсатии  Агентии «Тоҷикистандарт» қарор дорад.  Дар ин росто дар асоси дархости роҳбарияти мактаб-интернат  Агентии «Тоҷикстандарт» дар арафаи иду ҷашнҳо ба тарбиятгирандагони  ин парваришгоҳ кӯмакҳои моддӣ ва хайриявӣ мерасонад. Баргузор намудани тӯйи хатнасури кӯдакони ятим, таъмири майдончаи варзишии мактаб-интернат, кӯмак барои кишту кори маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини ёрирасон, инчунин таъмини мактаб-интернат бо рахтҳои  хоби дуқаббата ва компютерҳо аз номгӯи кӯмакҳое мебошанд, ки дар соли равон расонида шудаанд.

Июль 7, 2016 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд