Усули нави дарёфти қочоқи маводи мухаддир кашф ва аз байн бурда шуд
Хоруғ, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Ҷангали ноҳияи Рӯшон Давлатхон Ҷумъахон усули нави дарёфти маводи мухаддирро пайдо кард, аммо аз ин сирру асрораш кормандони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ огоҳ гардида, бо роҳандозии як амалиёти фаврӣ ба он хотима гузоштанд. Яке аз аъзои фаъоли гурӯҳи нашъаҷаллобони афғон бо номи Сафар маводи мухаддирро дар дохили селофан андохта, аз болои рудхонаи Панҷ ба Давлатхон ҳаво медод. Вай бошад, ин маводро фурӯхта, ҳаққи онро боз ба шарики афғонаш аз болои дарёи Панҷ ҳаво медод. Аммо ин бор аз тарафи кормандони мақомоти амният дастгир ва ба панҷаи қонун супурда шуд.
15 июли соли равон Суди ноҳияи Рӯшон бо моддаи 201 ва 289-и Кодекси ҷиноятии ҶТ Давлатхон Ҷумъахоновро ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум кард.








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






