Усули нави дарёфти қочоқи маводи мухаддир кашф ва аз байн бурда шуд

Июль 18, 2016 16:26

Хоруғ, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сокини  деҳаи Ҷангали ноҳияи Рӯшон Давлатхон Ҷумъахон  усули нави дарёфти маводи мухаддирро пайдо  кард, аммо аз ин сирру асрораш кормандони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ огоҳ  гардида, бо роҳандозии як амалиёти фаврӣ ба он хотима гузоштанд. Яке аз аъзои фаъоли гурӯҳи нашъаҷаллобони афғон бо номи  Сафар маводи  мухаддирро дар дохили селофан андохта, аз болои рудхонаи Панҷ ба Давлатхон ҳаво медод. Вай бошад, ин маводро фурӯхта, ҳаққи онро боз ба шарики афғонаш аз болои дарёи Панҷ  ҳаво медод. Аммо ин бор аз тарафи кормандони мақомоти амният дастгир ва ба панҷаи қонун супурда шуд.
15 июли соли равон Суди ноҳияи Рӯшон бо моддаи 201 ва 289-и Кодекси ҷиноятии ҶТ  Давлатхон Ҷумъахоновро ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Июль 18, 2016 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид