Вазорати кишоварзӣ: дар ҷумҳурӣ наздики 95 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст
Душанбе, 08.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар майдони 22 ҳазору 340 гектар кишти картошка гузаронидаанд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, то 4 июли соли равон майдони 4 ҳазору 607 гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 948 гектар зиёд мебошад.
То санаи мазкур дар ҷумҳурӣ ҳосили умумии картошкаи ҷамъовардашуда 94 ҳазору 873 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳазору 51 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 205,9 сентнериро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 сентнерӣ зиёд аст.








Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд






