Вазорати кишоварзӣ: дар ҷумҳурӣ наздики 95 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст

Июль 8, 2016 11:24

Душанбе, 08.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар майдони 22 ҳазору 340  гектар кишти картошка гузаронидаанд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, то 4 июли соли равон  майдони 4 ҳазору 607  гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 948 гектар зиёд мебошад.
То санаи мазкур дар ҷумҳурӣ ҳосили умумии картошкаи ҷамъовардашуда  94  ҳазору 873 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  20 ҳазору  51 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 205,9 сентнериро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 сентнерӣ зиёд аст.

Июль 8, 2016 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид