Вохўрии Азим Иброҳим бо намояндаи FAO-и СММ

Июль 23, 2016 18:06

Душанбе, 23.07.2016./АМИТ «Ховар»/.  Субҳи имрўз вохўрии кории муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои озуқаворию кишоварзӣ Виорел Гуцу баргузор гардид.

Намояндаи ин созмон оид ба Барномае иттилоъ дод, ки дар доираи он бо маблағгузории 400 ҳазор доллари ИМА, бо ҷалби сохторҳои дахлдори давлатии соҳавӣ, мушовирони хориҷию мутахассисони маҳаллӣ таҳияи Стратегияи миллии бехатарии маҳсулоти хўроквориро ба нақша гирифтаанд.

Мақсад аз таҳияи ин стратегия таъмин намудани бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавассути марҳила ба марҳила гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, омодасозии мутахассисони соҳавии ҷавобгўй ба талаботҳои байналмиллалӣ ва сохтани ташхисгоҳҳои муосир мебошад.

Азим Иброҳим  зикр намуд, ки дар бозори таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ чор сохтор, Хадамотҳои назорати давлатии байторӣ,  фитосанитарӣ ва карантини растании Вазорати кишоварзӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии «Тоҷикстандарт» фаъолият мекунанд.

Илова бар ин зери роҳбарии муовини Сарвазир – сарпарасти соҳа  «Шўрои ҳамоҳангсозии бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ» фаъолият мекунад, ки ҳар сол ду маротиба ҷаласа баргузор намуда, дар он вазъи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ баррасӣ мегардад.

Муовини Сарвазир иқдоми пешгирифтаи созмонро қобили таваҷҷуҳ шуморид ва афзуд, ки дар доираи маблағи пешбинишуда ҳал намудани чунин ҳадафи бузург ғайриимкон мебошад. Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки вобаста ба ин дар доираи корҳои  анҷомдодашаванда номгузорӣ кардани Нақшаи корӣ, Барнома ё ин ки Ҳадаф ба мақсад мувофиқтар мебуд.

Ҳамзамон   муовини Сарвазир омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ изҳор намуд.

 

 

Июль 23, 2016 18:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид