Вохўрии Азим Иброҳим бо намояндаи FAO-и СММ
Душанбе, 23.07.2016./АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрўз вохўрии кории муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои озуқаворию кишоварзӣ Виорел Гуцу баргузор гардид.
Намояндаи ин созмон оид ба Барномае иттилоъ дод, ки дар доираи он бо маблағгузории 400 ҳазор доллари ИМА, бо ҷалби сохторҳои дахлдори давлатии соҳавӣ, мушовирони хориҷию мутахассисони маҳаллӣ таҳияи Стратегияи миллии бехатарии маҳсулоти хўроквориро ба нақша гирифтаанд.
Мақсад аз таҳияи ин стратегия таъмин намудани бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавассути марҳила ба марҳила гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, омодасозии мутахассисони соҳавии ҷавобгўй ба талаботҳои байналмиллалӣ ва сохтани ташхисгоҳҳои муосир мебошад.
Азим Иброҳим зикр намуд, ки дар бозори таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ чор сохтор, Хадамотҳои назорати давлатии байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растании Вазорати кишоварзӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии «Тоҷикстандарт» фаъолият мекунанд.
Илова бар ин зери роҳбарии муовини Сарвазир – сарпарасти соҳа «Шўрои ҳамоҳангсозии бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ» фаъолият мекунад, ки ҳар сол ду маротиба ҷаласа баргузор намуда, дар он вазъи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ баррасӣ мегардад.
Муовини Сарвазир иқдоми пешгирифтаи созмонро қобили таваҷҷуҳ шуморид ва афзуд, ки дар доираи маблағи пешбинишуда ҳал намудани чунин ҳадафи бузург ғайриимкон мебошад. Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки вобаста ба ин дар доираи корҳои анҷомдодашаванда номгузорӣ кардани Нақшаи корӣ, Барнома ё ин ки Ҳадаф ба мақсад мувофиқтар мебуд.
Ҳамзамон муовини Сарвазир омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ изҳор намуд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






