Ҳамкорӣ бо Санкт — Петербург дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ тақвият меёбад
Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкорӣ бо корфармои Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Русия Олга Козлова мулоқот намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград мубодилаи афкор намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои ташкили Марказҳои равонкунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ барои кор дар корхонаҳои Санкт- Петербург, тартиби иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Созишнома доир ба ҳамкории иқтисодӣ ва савдо, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ дар самти меҳнат, муҳоҷирати аҳолӣ ва ғайраҳо муҳокима гардиданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






