Дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ гардид
Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса, аз ҷумла масоили ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ имрӯз, 3 август зимни мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дидие Леруа мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳарду кишвар судманд табодули назар намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






