Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ: дар марҳилаи сеюм ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беҳтарин дониста шуд
Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри саҳмгузорӣ дар рушди маҳал ва ба даст овардани ғолибият дар Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон аз 12 ҷамоати деҳот ва шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.
Дар марҳилаҳои якуму дуюм хона ва оилаи намунавӣ, маҳалла, деҳа, деҳоту шаҳраки беҳтарин аз миёни 45 хона ҳавлии истиқоматии Усмоновҳо аз ҷамоати деҳоти Ёва, кӯчаи ба номи Раҳмон Набиев, хонаи беҳтарин аз 36 оилаи намунавӣ-оилаи Ҳодибоевҳо аз ҷамоати деҳоти Хестиварз оилаи намунавӣ дониста шуданд.
Аз байни маҳалла, деҳа, шаҳрак ва деҳот маҳаллаи Арбоб, деҳаи Кулангир, шаҳраки Ғафуров ва ҷамоати деҳоти Хестиварз ғолибони марҳилаи якуму дуюм гардиданд.
Дар сатҳи вилоят дар марҳилаи сеюм аз тарафи комиссияи вилоятии Мусобиқаи ҷумхуриявӣ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун ноҳияи беҳтарин интихоб гардида, ба марҳилаи чорум, ки дар шаҳри Душанбе дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон баргузор мегардад, роҳхат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






