Имрӯз нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Маккаи мукаррама ташриф меоранд
Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 23-юми август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ ба хотири боздид аз ҷараёни корҳои омодагӣ вобаста ба мавсими «Ҳаҷ-2016» ба қароргоҳи ситоди ҳаҷи Тоҷикистон, воқеъ дар Маккаи мукаррама ташриф овард. Заробиддин Қосимӣ бо ҷараёни корҳои омодагӣ аз наздик ошно гардида, аз шароити иқомати зоирони тоҷик, аз ҷумла, меҳмонхонаву ошхонаҳо дидан намуд.
Ба хотири дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани мавсими ҳаҷи имсола дипломат ба аъзои ситоди ҳаҷ машварат ва маслиҳатҳо дод.
Хотиррасон менамоем, ки имрӯз, 24-уми август нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Маккаи мукаррама ташриф меоранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим хабар дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






