Китоби «Ошёни суханшиносон» пешниҳоди хонандагон гардид
Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Китоби фаъолияти илмию таълимии 90 нафар аз устодони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо номи «Ошёни суханшиносон» аз чоп баромад.
Китоб ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бо ташаббуси декани факулта Сироҷиддини Эмомалӣ ва устоди ҳамин факулта Шуҳрат Бобомуродов зери назари академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, ректори Донишгоҳи миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода нашр гардид.
Дар қисми аввали китоб аксҳои устодон ва дар қисми дувум фаъолияти устодони факулта аз оғози фаъолият то ин замон ҷой дода шудааст.
Инчунин дар бахши алоҳида номгўи устодони факулта, ки дар тӯли 25- соли Истиқлолият бо ҷоизаҳои давлатӣ, соҳавӣ, ифтихорномаҳои донишгоҳӣ ва берун аз он қадрдонӣ шудаанд, оварда шудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки бо таъсиси донишгоҳ (соли 1948) факултаи таъриху филология таъсис ёфт. Соли 1966 шуъбаи филология аз факултаи таъриху филология ҷудо шуда, факултаи мустақили филология ташкил шуд ва ба фаъолият шурўъ намуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






