Омили рушд наёфтани ду минтақаи озоди иқтисодӣ дар чист?
Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 66 ширкати ватанию хориҷии дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба қайд гирифташуда, алҳол 16 ширкат, 13 ададаш дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» танҳо се ширкат фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва содиротию воридотиро ба роҳ мондаанд. Ширкатҳои боқимонда ба корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани таҷҳизот машғуланд.
Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ омили асосии рушд наёфтани ду минтақаи озоди иқтисодии кишвар, «Панҷ» ва «Ишкошим»-ро дар мавқеи ҷуғрофии онҳо, иқлим ва авзои сиёсии кишвари ҳамҷавор Афғонистон рабт дод.
Мавсуф зикр кард, ки ин ду минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ дар минтақаи баланди кӯҳистон ва дар марз бо давлати Афғонистон ҷойгир мебошанд. Аз ин рӯ, вақте сармоягузор мехоҳад сармояашро дар ин минтақаҳо гузорад, пеш аз ҳама вазъи сиёсӣ ва суботи минтақаро ба инобат мегирад. Новобаста ба ин омилҳо, Умед Давлатзод афзуд, ки умед аст соли равон дар субъектҳои бақайдгирифташудаи ин минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти истеҳсолию хизматрасонӣ ва содиротию воридотиро ба роҳ монда шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






