Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти номи «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор мегардад
Душанбе, 24.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 сентябр то 24 ноябр дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти номи «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор мегардад.
Мақсади асосии озмун ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин баланд бардоштани руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва зебоиписандӣ аст.
Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» дар ду давр ба нақша гирифта шуда, даври аввал дар шаҳру навоҳии кишвар баргузор мегардад. Ғолибони даври аввал дар даври ҷамъбастӣ 24 ноябр- рӯзи ҷашни Парчами давлатӣ, ки дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад, бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
Тибқи шартҳои озмун иштирокчӣ бояд узви ягон китобхона бошад ва рӯйхати китобҳои хондаашро, ки на кам аз чор китоб аз осори классикони адабиёти тоҷику форс аст, ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намояд.
Инчунин дар озмун беш аз чор китобро оид ба таъриху фарҳанги Тоҷикистон мутолиа намояд ва ба саволҳои ҳакамон дар бораи муқаддасоти миллӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти Тоҷикистон ҷавоб гуфта тавонад.
Ғолибони озмун дар номгӯи «Хонандаи беҳтарин», «Оилаи китобдӯст» ва «Китобхонаи беҳтарин» бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






