Пешвои миллат: Роҳсозони тоҷик тавонистанд таҷрибаи худро доир ба сохтмони нақб ва пулҳои қаторагард такмил диҳанд

Август 24, 2016 09:45

Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бунёди роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа — Кӯлоб моҳи марти соли 2009 дар арафаи ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи суннати ободгаронаи миллати мо оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ ба иншооти дӯстиву ҳамкорӣ табдил ёфт. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими ба истифода супоридани роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб иброз намуд.
«Дар ҷараёни сохтмон, дар баробари мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», мутахассисону коргарони қариб 30 ширкати сохтмонии ватаниву хориҷӣ ва институтҳои лоиҳакашӣ фаъолона иштирок намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи сохтмони хатти роҳи оҳани имрӯза се нақб бо дарозии қариб 3700 метр ва ҳашт пули муосир бо дарозии қариб 700 метр бунёд карда шуд»,-илова намуд Сарвари кишвар.
Барои бунёди роҳи оҳан бо назардошти сохтмони нақбу пулҳои масири он 985 миллион сомонӣ сарф шудааст.
Президенти кишвар илова намуд, ки тӯли чанд соли охир дар сохтмони роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа — Кӯлоб ҳазорон нафар коргарон бо ҷойи кор таъмин гардида, роҳсозони тоҷик дар ин иншооти бузурги аср тавонистанд таҷрибаи худро доир ба сохтмони нақб ва пулҳои қаторагард такмил диҳанд.
«Ин, дар навбати худ, яке аз дастовардҳои соҳаи нақлиёти роҳи оҳан дар замони истиқлолият буда, мутахассисони тоҷик метавонанд таҷрибаи андӯхтаи худро минбаъд дар татбиқи лоиҳаҳои дигар истифода намоянд», -афзуд Пешвои тоҷикон.

Август 24, 2016 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид