Ширкати «Барқи тоҷик» барои паст намудани сатҳи талафоти барқ системаи биллингро ҷорӣ менамояд

Август 3, 2016 10:46

Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  «Баҳри ба роҳ мондани ҳисоби дурусти хароҷоти неруи барқ ШСХК «Барқи Тоҷик» то 1 июли соли равон дар 13737 адад воридаҳои истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВт, ки дар тавозуни муштариён ва шабакаҳои барқӣ мебошанд, ҳисобгиракҳои электронӣ насб кард»,- зикр намуд дирӯз зимни нишасти матбуотӣ Мирзо Исмоилзода, раиси ШСХК «Барқи Тоҷик».
Мирзо Исмоилзода ҳамчунин илова намуд, ки бо мақсади дуруст ба роҳ мондани ҳисоби хароҷоти неруи барқ, 17573 адад  ҳисобгиракҳои барқии муштариён аз даруни ҳавлиҳо ва 32763 адад аз даруни хонаҳои  баландошёна ба ҷои намоён бароварда шуданд.
Ширкати «Барқи Тоҷик» дар ҳамкорӣ бо Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи энергетика барои паст намудани сатҳи талафоти барқ чораҳои зарурӣ андешида, тасмим гирифтааст, ки дар шашмоҳаи охири соли равон дар шабакаҳои барқии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд системаи биллингро ҷорӣ намояд.

Август 3, 2016 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад