Дар Пекин 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил карданд
Душанбе, 13.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябри соли равон дар Идораи дипломатии Лянгмачаои шаҳри Пекин бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои расмии Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагони масъули вазоратҳои тиҷорат, амнияти ҷамъиятӣ, дифоъ, намояндагони расмии ҳукуматҳои музофотҳои кишвари иқомат, олимон ва коршиносони Чин, сохторҳои молиявии байналмилалӣ, ҳайати дипломатии кишвари иқомат, расонаҳои хабарӣ ва ҳамватанону донишҷӯёни тоҷик ҷашн гирифта шуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода аз аҳамияти сарнавиштсози Истиқлолият дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои Тоҷикистон дар давоми 25 соли истиқлолият, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ва амну суботи фарогир дар кишвар, таҳкими давлату давлатдорӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, дастовардҳои назаррас дар роҳи дастёбӣ ба се ҳадафи кишвар, ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон, инчунин равобиту ҳамкории дӯстона, ҳамсоягии нек ва шарокати стратегӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ёдовар шуд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Чумҳурии Мардумии Чин Лю Ҳайсин зимни суханронии хеш мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни фархунда таҳният гуфта, муваффақиятҳо ва дастовардҳои пураҳамияти Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлатдорӣ таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муҳим арзёбӣ кард.
Дар доираи ҷамъомади идона гӯшае вобаста ба Тоҷикистон ташкил карда шуда, китобҳо дар бораи сиёсат ва таъриху фарҳанг, анвои нақшу нигор ва либосҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамчунин филми мустанад ва видео-наворҳо дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, фарҳанг, ҷойҳои таърихию табиати кишвар ва наворҳои намоишҳои фарҳангии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаши меҳмонон гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






