Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Спитамен
Душанбе, 13.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳия иштирок намуданд.
Пешвои миллат аз шароиту имконятҳои фароҳамоварда шинос шуда, ба кори босифати сохтмончиёну лоиҳакашон баҳои баланд доданд.
Бинои нави фаъолияти Кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Спитамен дар заминаи собиқ бинои Ҷамъияти Саҳомии Кӯшодаи «Агропромтехснаби Нов» сохта шудааст.
Ҷиҳати фароҳамовардани шароити муосири корӣ тамоми тадбирҳои судманд амалӣ карда шудааст.
Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 11 утоқи корӣ ва ошхона барои 35 ҷойи нишаст мебошад.
Корҳои таъмиру тармими куллии бино аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бунёдкор-С»-и ноҳияи Спитамен анҷом дода шуда, арзиши он қариб як миллон сомониро ташкил медиҳад.
Қобили қайд аст, ки то ин вақт кормандони Кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Спитамен бинои худро надоштанд.
Зикр бояд намуд, ки дар партави амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули шаҳрвандон вобаста ба масъалаи замин дар бинои Кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Спитамен тариқи «Равзанаи ягона» ба роҳ монда хоҳад шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Спитамен қабули шаҳрвандон тариқи равзанаи ягона хуб ба роҳ монда шуда, то имрӯз дар бинои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия, нозироти андоз барои қабули шаҳрвандон тариқи равзанаи ягона мутобиқ гардонида шудааст.















Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






