Ифтитоҳи Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» дар ноҳияи Спитамен
Душанбе, 13.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» дар ноҳияи Спитамен иштирок намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лента ва пахши тугма расман ба фаъолияти ин корхонаи муҳими саноатӣ оғоз бахшида ифтитоҳи онро руйдоди фараҳбахш дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Спитамен Ойл» соли 2010 дар минтақаи саноатии Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳия дар асоси шартнома бо ширкати «Кушо» оғоз шуда дар остонаи таҷлил аз ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфтааст.
Кори истеҳсолот дар коргоҳҳои алоҳида ҷараён гирифта аз марҳилаҳои фишордиҳӣ, ҷабидан, доғкунӣ ва бастабандӣ иборат мебошад.
Корхона дорои ду деги бухорӣ ва дегхонаи равғангармкунӣ бо иқтидори 2 млн килокалория дар як соат буда, ҳамчунин анбори захираи ашёи хом барои 12 ҳазор тонна, анборҳои равғани нимтайёр ва тоза барои 150 тонна, инчунин анбори хӯроки чорвою паранда барои 1000 тонна дорад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҶДММ «Спитамен Ойл» асосан коркарди тухмии техникӣ аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ шуда барои бунёди он 32 миллион сомонӣ харҷ шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар коргоҳҳои алоҳида бо рафти истеҳсолот бевосита шинос шуда бунёди ин корхонаи саноатиро иқдоми муҳим ва саривақтӣ дар коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, иштироки фаъол дар татбиқи Барномаи парандапарварӣ ва саҳмгузории бузург дар паст кардани шиддати воридоти маҳсулот аз хориҷи мамлакат арзёбӣ карданд ва барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва ҷавобгӯй ба талабот масъулини соҳаро вазифадор намуданд.
Дар ин корхонаи бузурги саноатӣ минтақаҳои алоҳидаи истеҳсолӣ амал мекунанд, ки аз минтақаҳои истеҳсоли равған ва хӯроки чорво бо иқтидори коркарди 46 ҳазор тонна донагиҳои равғандор аз қабили лубиё, дони офтопараст, пунбадона ва зағир дар як сол, минтақаи истеҳсоли равғани хушсифат ва бебӯй бо иқтидори солонаи 32 ҳазор тонна, минтақаи бастабандии маҳсулоти тайёр дар зарфҳои ғунҷоиши 1,2,3,5 ва 20 литра, минтақаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорвою паранда ва моҳӣ дар ҳаҷми 25 тонна дар як соат ва минтақаи истеҳсоли резагандуму сабус бо коркарди ниҳоии 200 тонна гандум дар як рӯз ва истеҳсоли 44 тонна сабусу 10 тонна гандумреза дар як соат иборат мебошад.
Дар маҷмуъ иқдоми бунёди ин корхона, ки бо коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ҳаммаром якчанд маҳсулоти зарурӣ истеҳсол менамояд, дар миёни кишварҳои минтақа аз таҷрибаҳои нахустин ва беназир ба ҳисоб рафта дар он то 155 нафар бо ҷойи кор ва музди маоши хуб таъмин мегарданд.


























Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Сарвазири Гурҷистон Кобахидзе Ираклий
Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Гурҷистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Ираклий Кобахидзе оид ба рушду таҳкими ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд






