Ифтитоҳи Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» дар ноҳияи Спитамен

Сентябрь 13, 2016 08:21

Душанбе, 13.09.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» дар ноҳияи Спитамен иштирок намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лента ва пахши тугма расман ба фаъолияти ин корхонаи муҳими саноатӣ оғоз  бахшида  ифтитоҳи онро руйдоди фараҳбахш дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Спитамен Ойл» соли 2010 дар минтақаи саноатии Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳия дар асоси шартнома бо ширкати «Кушо» оғоз шуда  дар остонаи таҷлил аз ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфтааст.

Кори истеҳсолот дар коргоҳҳои алоҳида ҷараён гирифта аз марҳилаҳои фишордиҳӣ, ҷабидан, доғкунӣ ва бастабандӣ иборат мебошад.

Корхона дорои ду деги бухорӣ ва дегхонаи равғангармкунӣ бо иқтидори 2 млн килокалория дар як соат буда, ҳамчунин анбори захираи ашёи хом барои 12 ҳазор тонна, анборҳои равғани нимтайёр ва тоза барои 150 тонна, инчунин анбори хӯроки чорвою паранда  барои 1000 тонна  дорад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар  ҶДММ «Спитамен Ойл» асосан  коркарди тухмии  техникӣ аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ шуда барои бунёди он 32 миллион сомонӣ харҷ шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар коргоҳҳои алоҳида бо рафти истеҳсолот бевосита шинос шуда   бунёди ин корхонаи саноатиро иқдоми муҳим ва саривақтӣ дар коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, иштироки фаъол дар татбиқи Барномаи парандапарварӣ  ва саҳмгузории бузург  дар паст кардани шиддати воридоти маҳсулот аз хориҷи мамлакат арзёбӣ карданд ва барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва ҷавобгӯй ба талабот масъулини соҳаро вазифадор намуданд.

Дар  ин корхонаи бузурги саноатӣ  минтақаҳои алоҳидаи истеҳсолӣ  амал мекунанд, ки аз минтақаҳои истеҳсоли равған ва хӯроки чорво бо иқтидори коркарди 46 ҳазор тонна донагиҳои равғандор аз қабили лубиё, дони офтопараст, пунбадона ва зағир дар як сол, минтақаи истеҳсоли равғани хушсифат ва бебӯй бо иқтидори солонаи 32 ҳазор тонна, минтақаи бастабандии маҳсулоти тайёр дар зарфҳои ғунҷоиши 1,2,3,5 ва 20 литра, минтақаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорвою паранда ва моҳӣ  дар ҳаҷми 25 тонна дар як соат  ва минтақаи истеҳсоли резагандуму  сабус бо коркарди ниҳоии 200 тонна гандум дар як рӯз ва истеҳсоли 44 тонна сабусу  10 тонна гандумреза дар як соат иборат мебошад.

Дар маҷмуъ иқдоми бунёди ин корхона, ки бо коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ҳаммаром якчанд маҳсулоти зарурӣ истеҳсол  менамояд, дар миёни кишварҳои минтақа аз таҷрибаҳои нахустин ва беназир ба ҳисоб рафта дар он то 155 нафар бо ҷойи кор ва музди маоши хуб таъмин мегарданд.

Сентябрь 13, 2016 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик