«Созандагони Ватан»: Аз рафтору гуфтори иштирокчиёни эътирозҳои Варшава маълум, ки онҳо фарсахҳо аз сиёсат дуранд

Сентябрь 24, 2016 12:22

Душанбе, 24.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар  ҷаласаи Шӯрои Марказии  Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҳодисаи  дар хориҷи кишвар саҳнасозӣ шудаи гурӯҳҳои хурди ифротӣ, ки зимни баромади намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари САҲА сурат гирифтанд, мавриди  баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷаласа инчунин муроҷиатномаи Шӯро қабул гардид.

Дар муроҷиатнома намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» воқеоти рухдодаро қатъиян маҳкум намуда, баён доштаанд, ки  ин амали бо ном «паноҳандагони сиёсӣ» ё як гурӯҳи хурди ифротӣ рафтори ғайри қобили қабул ва ҳатто авбошона буда,  ба хотири ҳамчун қурбонии сиёсӣ ба намоиш гузоштани худ дар ҳамин росто соҳиб шудан ба шароити хубтари зиндагӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва ҳимояи хоҷагони хориҷиашон роҳандозӣ гардид.

sozandagoni-vatanАз  тарзи рафтору гуфтор ва шакли зоҳирии аксари иштирокчиёни эътирозҳои сохта баръало маълум аст, ки онҳо фарсахҳо аз сиёсат дуранд ва ба асли гуфтаҳои худ сарфаҳм намераванд. Рафтори онҳо аслан масали «Бузро чию хирманкубиаш чӣ»- ро пеши хотир меорад.

«Созандагони Ватан» бо таассуф иброз намудаанд, ки  давлатҳо ва ташкилотҳое, ки барои баргузории чунин намоишҳои сохта имкон фароҳам меоранд,  субъектҳои ҳуқуқи байналмилалие мебошанд, ки бояд дар боздошт ва мавриди ҷазо қарор додани ҳама гуна ифротгарову гурӯҳҳои ҷиноӣ, ки дар пайгарди ҷиноӣ қарор доранд, мусоидат намоянд ва ҳадалимкон  уҳдадориҳои байналмилалии худро риоя намуда, эҳтироми як давлати соҳибихтиёрро ба ҷо оваранд.

Дар ҷаласа инчунин зикр гардид, ки мардуми Тоҷикистон, бахусус ҷавонон, ки аксари аҳолиро ташкил медиҳанд, дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, минбаъд низ барои татбиқ намудани ормонҳои демократӣ, ободиву осудагӣ, сулҳу ваҳдат ва мубориза бо ҳама гуна қувваҳои ҷинояткорон талош хоҳанд кард.

Сентябрь 24, 2016 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад