18,7 миллион доллари Ҳукумати Ҷопон барои беҳдошти роҳҳои Тоҷикистон
Душанбе, 20.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷопон бо мақсади бо техника ва таҷҳизоти нигоҳдории роҳҳо таъмин намудани минтақаи шимол ва ҷануби Тоҷикистон 18,7 миллион доллари амрикоӣ кумаки грантӣ мерасонад. Дар иртибот ба ин масъала вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдории роҳҳо дар вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлонро, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ /JICA/ моҳи апрели соли 2016 ба имзо расонида шудааст, дирӯз ба тасвиб расониданд.
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни тавзеҳи санади мазкур гуфт, ки ҳадафи татбиқи ин лоиҳа беҳтар намудани ҳолати нигоҳдории роҳҳои вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлон- гурӯҳи навоҳии минтақаи Кӯлоб аст. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ва бо кумаки грантии JICA Ҳукумати Тоҷикистон 217 адад техникаи махсуси коммуналӣ харидорӣ менамояд, ки аз он 120- ададаш ба вилояти Суғд ва 97- ададаш ба ноҳияҳои қисмати шарқии вилояти Хатлон тақсим карда мешаванд. Ҳамзамон ин кумаки грантӣ барои таҷҳизонидан ва навсозии заводи асфалт, озмоишгоҳ ва омӯзиши мутахассисони маҳаллӣ сарф мегардад.
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти кишвар афуд, ки то охири соли равон дар Токио байни ширкатҳои ҷопонӣ озмун барои интихоби таҳвилгари техникаи нигоҳдории роҳҳо дар доираи лоиҳаи мазкур гузаронида мешавад. Ҳамзамон вазири нақлиёти кишвар таъкид кард, ки чунин лоиҳа қаблан дар минтақаи Қӯрғонтеппа ва навоҳии минтақаи Ҳисор амалӣ карда шуд, ки натиҷаи самарабахш ба бор овард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






