20 октябр- Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории остеопороз: аз «қотили хаппак» эҳтиёт бошед
Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Соли 1997 Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ 20 октябрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории остеопороз эълон дошт. Мақсад аз ин рӯз- огоҳонидани мардуми ҷаҳон бо «остеопороз» -«қотили хаппак» мебошад. Ин беморӣ ноаён пайдо мешавад, аз ин лиҳоз табибон онро «қотили хаппак» меноманд.
Шаҳзода Холматова, муовини директори Маркази саломатии шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ҳангоми ин беморӣ бофтаи устухонҳо бо мурури замон тунук шуда, устухонҳо нозук мешаванд.
«Сабаби беҷоншавии устухонҳо бемории остеопороз мебошад, ки дар даҳсолаи охир яке аз бемориҳои паҳншуда ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон низ солҳои охир аз ин беморӣ мардуми зиёд азият мекашанд. Сабаби ин — истеъмоли нодурусти маҳсулоти хӯрокӣ ва тарзи носолими зиндагӣ мебошад. Солҳои охир мардум маҳсулоти аз витаминҳои калтсий ва фосфор бойро кам истеъмол мекунанд. Бештар кӯдакону наврасон хӯрокҳои консерагендор, обҳои гуногуни газнок, ки он калтсийро аз бадан мебарорад, истеъмол мекунанд»,-зикр намуд мусоҳиб.
Ҳамаи беморон дар ин марказ ба қайд гирифта шуда, доимо таҳти назорати духтуронанд. Ба остеопороз бештар занҳои аз 40-сола боло гирифтор мешаванд. Мардон нисбат ба занон 3 маротиба камтар бо ин беморӣ дучор мегарданд.
«Бо истеъмоли калтсий метавон ин бемориро пешгирӣ намуд. Миқдори зиёди калтсий дар панир, моҳии баҳрӣ, сабзавот ва мева, чормағз, маҳсулоти ширӣ мавҷуд аст. Ғизои кӯдакон низ бояд аз маҳсулоти ширии аз калтсий ва сафеда бой бошад.
Кӯдакон аз ин беморӣ бештар азият мекашанд. Дар Тоҷикистон ба бемории остеопороз кӯдакони аз 1 то 5-сола гирифтор мешаванд. Мутаассифона, дар батни модар ошкор намудани ин беморӣ душвор аст. Вале пас аз таваллуди кӯдак бемориро метавон ошкор намуд. Калонсолон бояд пас аз 40-солагӣ ҳатман аз ташхис гузаранд»,-тавсия дод духтур.
Нафароне, ки бемории остеопороз доранд, метавонанд дар роҳи рост афтида, бо латхӯрии андак устухонашонро шикананд. Аз ҳамин сабаб ин беморӣ хавфнок аст ва худро аз он бояд эҳтиёт намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






