7 нафар сардорони ситодҳои минтақавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз вазифа барканор шуданд
Душанбе, 17.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли равон 7 нафар аз сардорони ситодҳои минтақавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои камбудиҳо дар кор аз вазифа барканор шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, дар ҷаласа ду масъала- натиҷаи тафтиши фаъолияти ситодҳои КҲФ дар давраи ҳисоботӣ ва омодагии воҳидҳо ва қисмҳои ҳарбии Кумита дар давраи зимистон баррасӣ шуданд.
Муовини раиси Кумита, полквник М.Салимзода зикр намуд, ки гурӯҳи корӣ аз 15-уми сентябр то 5-уми окттябр фаъолияти ҳамаи ситодҳоро омӯхта, як қатор камбудиҳоро дар фаъолияти ситодҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии КҲФ ошкор намуд.
Аз рӯйи натиҷаи тафтиш ва қарори коллегия барои камбудиҳо дар кор сардорони ситодҳои ноҳияи Шуғнони ВМКБ, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Балҷувони вилояти Хатлон, Сангвор ва Фирдавсӣ аз кор барканор карда шуданд.
Як гурӯх кормандони масъул барои камбудиҳо дар фаъолияти фаврӣ-хидматӣ ва нишондодҳои пасти фаъолияти хидматӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Дар мавриди омодагӣ ба зимистон зикр гардид, ки дар маҷмӯъ, ҳамаи воҳидҳои сохтории КҲФ ба давраи тирамоҳ ва зимистон омодаанд. Бо ин мақсад барои мошинҳо маводи сӯхт харидорӣ шуда, ба миқдори зарурӣ ангишт ва ҳезум барои қисмҳои ҳарбӣ захира ва сарбозону афсарон бо либоси зимистона ва ғизо таъмин карда шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






