Рӯзи Дарҳои кушоди Сафорати Тоҷикистон дар Япония

Октябрь 8, 2016 10:21

Душанбе. 08.10.2016, /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония дар доираи Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Япония Рӯзи дарҳои кушодро доир намуд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ муҳиммияти чорабинии мазкурро таъкид намуда, изҳор дошт, ки: «Ин чорабинӣ барои мардуми Япония ҷиҳати шиносоӣ аз фарҳангу таърихи қадима, урфу одат ва анъанаҳои мардуми тоҷик, инчунин имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон таассуроти хуб хоҳад гузошт. Баргузории Рӯзҳои дарҳои кушод иқдоми таҳсиномези созмондиҳандагон мебошад, зеро чунин чорабиниҳо мардумони ду кишварро ҷамъ меоварад ва муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаро боз ҳам мустаҳкам мекунад».

yaponiya-posol-2Барои меҳмонони Сафорат маълумоти муфассал дар бораи Тоҷикистон, санъати амалӣ ва ороишии халқи тоҷик, аксҳои ранга, филмҳои нави ташвиқӣ дар бораи дастовардҳои намоёни кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, бо назардошти соҳаи туризм ба намоиш гузошта шуданд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби дипломатҳои тоҷик ба саволҳои меҳмонон, ки ба маълумоти пешниҳодгардида мароқ зоҳир намуданд, батафсил посух гуфта шуда, ҳамчунин миёни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифт. Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Япония дар ҳамкорӣ бо сафоратҳои кишварҳои Муколамаи мазкур ташкил карда шудааст.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 8, 2016 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст