Ҳадафҳои минбаъдаи рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Чин муайян шуданд
Душанбе, 15.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба иштирокдорони ҷаласа дар бораи вазъи микроиқтисодӣ, иқдомҳои мусбат дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва таъсири онҳо ба беҳтаршавии иқлими сармоягузорӣ дар Тоҷикистону Чин маълумот дода шуд. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дирӯз дар Душанбе бо мақсади рушди муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.
Зимни ҷаласаи мазкур ҷонибҳо оид ба масъалаи ҳамкории кунунӣ ва оянда мубодилаи афкор намуданд. Хусусан ба лоиҳаҳои муштарак, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хоса дода шуд. Тарафҳо муҳимияти густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергитика, саноат, истеҳсолот, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин фаъолияти бонкиро таъкид намуданд.
Хотиррасон мекунем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро Фан Айтсин, муовини вазири тиҷоратии Чин роҳбарӣ намуданд.
Тавре аз вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, дар доираи ҷаласаи Комиссия ба татбиқи муқаррароти Протоколи ҳафтуми Комиссияи муштаракии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, ки дар шаҳри Пекин соли 2015 баргузор гардида буд, баҳо дода шуда, ҳадафҳои минбаъда оид ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ муайян карда шуданд.













Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






