Қадам ба фардо бо беҳтарин лоиҳаҳо
Душанбе, 15.10.16. /АМИТ «Ховар»/. Маросими супоридани ҷоизаҳо ба иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Қадам ба фардо» дирӯз дар Душанбе доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар озмуни мазкур наврасон ва ҷавонон аз мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, гимназияҳо, донишгоҳҳо ва донишкадаҳои манотиқи кишвар ширкат варзида, лоиҳаҳои худро вобаста ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла: кимиё, тиб, механика, физика, байторӣ, металлургия, гармидиҳӣ, саноати хўрокворӣ ва дигар соҳаҳо, пешниҳод намуданд.
Дар маҷмӯъ 76 лоиҳа аз ҷониби аъзои ҳакамони озмун баҳогузорӣ карда шуда, дар натиҷа Аҳмадҷон Раҳмонов, сардори идораи корҳои илмию тадқиқотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи С.М. Осимӣ барои пешниҳоди силсилаи моделҳои судманд дар соҳаи сохтмон сазовори ҷои якум дониста шуда, бо дипломи дараҷаи аввал ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Раҷабалии Музаффар, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи байтории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтирои маводи доруворӣ дар соҳаи байторӣ сазовори ҷои дуюм дониста шуда, бо дипломи дараҷаи дуюм ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Зафар Воҳидов, донишҷўи курси сеюми факултаи «Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ барои сохтани модели амалкунандаи техникаи хурди сохтмонӣ дар соҳаи механика сазовори ҷои сеюм дониста шуда, бо дипломи дараҷаи сеюм ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






