Ҳайати бонуфузи нозирони тоҷик раванди интихоботи Президенти Ӯзбекистонро мушоҳида менамоянд

Октябрь 20, 2016 16:23

Душанбе, 20.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ҳайати бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни  баргузории интихоботи  президентиро дар Ӯзбекистон, ки 4 декабри соли 2016 доир мегардад,  мушоҳида намоянд.
Абдуманнон Додозода, роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар суҳбат ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» гуфт, ки «иштироки нозирони тоҷик дар баргузории ин чорабиниии муҳими  сиёсии кишвари ҳамсоя бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон сурат мегирад. Намояндагони Тоҷикистон раванди  баргузории интихоботи президентиро дар Ӯзбекистон  дар ҳайати  нозирони байналмилалӣ мушоҳида менамоянд».
Мавриди зикр аст, Комиссияи марказии интихоботи  Ӯзбекистон  чор нафар номзадро барои ноил гардидан ба мансаби президентӣ дар ин кишвар сабти ном намудааст. Ин номзадҳо Шавкат Мирзиёев аз Ҳизби либерал- демократии Ӯзбекистон, Сарвар Отамурадов, роҳбари ҳизби «Миллий тикланиш» /Эҳёи миллӣ/,  Наримон Умаров, роҳбари фраксияи «Адолат» аз Ҳизби сотсиал-демократи Ӯзбекистон ва Ҳотамҷон Кетмонов, раиси Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон  мебошанд.

Октябрь 20, 2016 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад