Ҳалокати сокини ноҳияи Шаҳритус бар асари садамаи судя
Душанбе, 28.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 25- уми октябри соли равон, тахминан соати 22:15, ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Камри», рақами қайди давлатиаш 0008ВЕ03, ки ба Сафаров Файзиддин Давлатович, соли таваллудаш 1983, судяи Суди ноҳияи Шаҳритус тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи мазкур ба самти ноҳияи Қубодиён дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Н.Хусрав, деҳаи Баҳористон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Назаров Рустам Раҳимович, соли таваллудаш 1965, сокини деҳаи мазкурро пахш намудааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар натиҷаи садамаи мазкур пиёдагард ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






