Ҳар ҷо ҳарфи китобу ҳикмат бошад, он ҷо донишу маърифат аст…
Душанбе, 28.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти навбатии кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи барномаи даъват ба китоб ва китобхонӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор гардид.
Чун анъана кормандони китобхона ба ширкаткунандагони мулоқот дар бораи таърихи китобу китобдорӣ, китобшиносиву китобхонаҳо ва қадру манзалати илму дониш нақл карданд.
Донишҷӯён иброз доштанд, ки ин гуна дидору мулоқот бароямон як ҷаҳон фараҳу шодӣ меорад, зеро суҳбатҳо атрофи китобу ҳикматанд ва «ҳар ҷо ҳарфи китоб бошаду ҳарфи ҳикмат, он ҷо дониш аст».
Кормандони китобхона дар бораи имкониятҳои Китобхонаи миллӣ ва теъдоди китобҳову толорҳои хониш, китобҳои электронӣ ва хизматрасониҳои гуногун, ҳамчунин мавҷудияти дарсҳои омӯзишии забонҳо маълумот дода, чун анъана барои ширкаткунандагон варақаҳои иттилоотӣ ва таблиғотӣ тақсим карданд.
Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






