Арабистони Саудӣ аз солшумории ҳиҷрӣ ба милодӣ гузашт
Душанбе, 06.10.2016./АМИТ «Ховар»/. Арабистони Саудӣ аз солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ, ки аз замони ҳиҷрати пайғамбари ислом оғоз мешавад, даст кашид ва ба ҷойи он солшумории милодиро пазируфт. Идораю муассисаҳои давлатии Арабистони Саудӣ аз рӯзи якшанбеи 2 октябр нахустин бор баъд аз замони таъсиси ин кишвар 86 сол пеш, истифода аз гоҳшумории милодиро ба ҷои тақвими ҳиҷрӣ-қамарӣ истифода карданд. Дар ин бора рӯзномаи бритониёвии «The Independent» хабар додаст.
Солшумори ҳиҷрӣ-қамарӣ замони хилофати Умар, халифаи дувуми мусалмонҳо пайдо шуд ва он аз рӯзи ҳиҷрати паёмбар дар соли 622 аз Макка ба Мадина ҳисоб мешавад. Солшумории милодӣ, ки ҳоло Арабистони Саудӣ ба он гузашт, аз рӯзи таваллуди паёмбар Исо оғоз шудааст.
Ба гузориши хабаргузории INTERFAX.RU, гузаштан ба ин солшуморӣ бо қарори ҳукумати ин кишвар бо мақсади сарфаҷӯӣ дар шароити буҳрони иқтисодӣ сурат мегирад. Идомаи коҳиши қимати нафт ва ҳазинаҳои ҷанги низомӣ дар Яман аз ҷумлаи мавридҳое ҳастанд, ки ба буҷаи Арабистони Саудӣ фишор меоваранд.
Соли ҳиҷрии қамарӣ 11 рӯз аз соли милодӣ камтар аст. Баъди гузаштан ба солшумории нав маоши кормандон ҳар 25-уми моҳи милодӣ пардохт мешавад. Қаблан маоши кормандон 25-уми моҳи қамарӣ пардохт мешуд ва тақрибан кормандон дар ин кишвар соле 13 бор маош мегирифтанд.
Гуфта мешавад, ки ҳафтаи гузашта давлати Арабистони Саудӣ бархе аз имтиёзи кормандони давлатиро, ки шумори онҳо ба як миллиону 250 ҳазор нафар мерасад, низ кам кард. Инчунин, Аабистони Саудӣ қарорро оид ба бекор намудани бархе аз изофаи маошҳо ва ҷоизаҳои пулӣ низ ба тасвиб расонид.
Арабистони Саудӣ дар ҳоле аз солшумории ҳиҷрӣ қамарӣ даст мекашад, ки кишварҳои дигари мусалмонӣ, мисли Эрону Афғонистон ҳанӯз тариқи ин солшуморӣ коргузории худро анҷом медиҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






