Ҷавонони ноҳияи Дарвоз барои хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ омода ва намунаи ибратанд!
Душанбе, 07.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Дарвоз дар миқёси ҷумҳурӣ аввалин шуда, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пурра таъмин намуд.
Дар ин бора Беҳзод Саидиброҳимов, муовини комиссари ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» телефонӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими идона бахшида ба гусели даъватшудагон ба хизмати ҳарбӣ раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳон иштирок намуда, зикр кард: «Ҷавонони ноҳияи Дарвоз барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ омодаанд ва намунаи ибратанд. Дар даъвати навбатӣ низ аксари онҳо ихтиёрона ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуданд».
Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Дарвоз соли гузашта низ аввалин шуда, дар ҷумҳурӣ нақшаи даъвати тирамоҳиро 100 фисад иҷро карда буд.
Ҷавонони ин ноҳия намунаи ибрат барои дигарон мебошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






