Бахшида ба Рӯзи пиронсолон: Пирони рӯзгордида ва дар кӯраи зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошанд

Октябрь 1, 2016 10:54

«Пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошанд. Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ҳаққи онҳо, то тавонем, ғамхорӣ намоем. Фаромӯш набояд кард, ки баробари кумаку ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон ва оилаҳои камбизоат, мо ба наврасону ҷавонон ва наслҳои ояндаи миллат сабақи раҳму шафқат ва инсондӯстиву қадрдонӣ меомӯзем».

Эмомалӣ РАҲМОН

 

 

pironsolonДушанбе, 01.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон, кӯдакони ятим, шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои камбизоат кори хайр буда, беҳтарин анъанаи миллати тоҷик аст. Дар ҷомеае, ки дар он муҳтоҷон дастгирии иҷтимоӣ меёбанд, андешаҳои солиму созанда устувор мебошанд. Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ соҳаи хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ рушду такомул ёфта, ба суботи иҷтимоӣ ва тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ боис гардидааст. Дар ин давра заминаҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ташкил карда шуда, қабули санадҳои ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи стандартҳои иҷтимоӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», ба тасвиб расидани як қатор фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти ин соҳаи муҳими ҷомеаро таъмин намуданд. Мақсади асосии давлат беҳ намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини дарозумрии инсонҳо ва таъмини маънавиёти рангину зебо барои онҳо мебошад.

Муассисаи давлатии «Хона–интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» барои хизматрасонии иҷтимоӣ ва табобат пешбинӣ гардидааст. Дар айни ҳол дар муассиса 170 нафар бошанда зиндагонӣ мекунанд. Майдони умумии муассиса 6,15 гектарро ташкил дода, аз ҳуҷраҳои 2,3 ва 5 нафара иборат аст. Кормандони муассиса  134 нафар мебошанд ва  дар се бахш чор нафарӣ ҳамшираҳои шафқат ва даҳ нафарӣ ходимони хурди тиббӣ навбатдорӣ мекунанд. Шахсони бистариро кормандони хурди тиббӣ  нигоҳубин менамоянд.

Тавре аз суҳбат бо онҳо маълум гардид, ҳар нафар бо ҳар сабаб, аз ҷумла надоштани саробон, маъюбӣ ва беморӣ вориди ин муассиса гардидаанд. Миёни онҳо нафарони соҳиби оила ва фарзандҳои ба қавле «беномус» ҳам ҳастанд, ки вазифаи фарзандии худро фаромӯш сохтаанд.

Баъди дидану шунидани қиссаҳои онҳо ривояти халқие пеши назар меояд. «Рӯзе як писар падари пирашро ба хонаи пиронсолон мебарад. Вақте ба хона бармегардад, писараш мепурсад: падарҷон бобоямро ба кадом беморхона бурдед? Падар мегӯяд: чаро мепурсӣ, магар ба хабаргирии бобоят меравӣ? Писарак дар ҷавоб мегӯяд: на, вақте шумо пир шудед, ман ҳам шуморо ба ҳамон ҷо бурда мемонам».

Нафаре, ки диққати моро ҷалб кард, ин Шариф Ҳолиқов, яке аз бошандагони ин муассиса буд. Номбурда изҳор намуд, ки наздики ду сол аст дар ин макон умр ба сар мебарад ва сабаби дар ин ҷо маскан гирифтанаш меҳри Ватан аст. Фарзандонаш дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд ва чанд маротиба ӯро таклиф намуданд, ки бо онҳо зиндагӣ кунад, вале номбурда хоҳиши онҳоро рад кардааст.

Бошандагони ин муассиса аз дастгириҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят хурсанд буда, мунтазам дар ҳаққи эшон дуо мекунанд.
Барои беҳдошти зиндагонии бошандагон дар муассиса ду ҳуҷра барои арттерапия амал мекунад, ки дар он бошандагон вақтҳои холигии худро мегузаронанд. Дар муассиса барои кормандону бошандагон як майдончаи варзишии волейбол, футбол ва давидан ташкил карда шудааст.

Тавре директори муассиса Умар Раҳмониён ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт: «Табақаи ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд, аз ҷумла маъюбону пиронсолони бесаробон ба таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои зиёд ниёз доранд. Барои зери парастории худ гирифтани ин гурӯҳи иҷтимоӣ маъмурияти муассиса тамоми тадбирҳоро меандешад, то ба бошандагон шароити зиндагии хонагиро муҳайё намояд, вале дар ин самт мушкилиҳо ҷой доранд. Масалан муассисаи мо, ки дар соҳили дарёи Қаратоғ ҷойгир аст, қисми соҳили дарё пурра кушода мебошад. Дар назди соҳил пирону маъюбон сайру гашт менамоянд, ки ғарқ гардидани онҳо аз эҳтимол дур нест. Масофаи соҳил зиёда аз 2 км-ро ташкил медиҳад. Мо кӯшиш дорем, ки қисми соҳилро бо панҷара маҳкам кунем, аммо муассиса имконияти соҳилмустаҳкамкунӣ надорад. Мушкилоти дигар- ин валангор гардидани як қисми хобгоҳи дуошёнаи шуъбаи умумии муассиса мебошад. Ин шуъба, ки аз 52 ҳуҷра иборат аст, бинобар сабаби солҳои тӯлонӣ таъмир нагаштан  ба талабот ҷавобгӯй нест ва ба таъмири умумӣ эҳтиёҷ дорад».

Ба иттилои роҳбарияти муассиса, дар нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти соли 2016 барои таъмири ҷорӣ ҳамагӣ даҳ ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин маблағ барои бартараф кардани ин мушкилот кофӣ нест.

Сол то сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи хизматрасонии иҷтимоӣ ба ниёзмандон васеъ мегардад.

Имрӯз, 1 октябр-Рӯзи байналмилалии пиронсолон  аст. Месазад, ки ин табақаи ҷомеаро на танҳо дар рӯзи идҳо, балки ҳамарӯза ёд кунему барои онҳо  шароите фароҳам оварем, ки ҳаёти онҳо хуш, пурарзиш ва дар муҳити оила гузарад.

Мавҷуда Анварӣ

 

Октябрь 1, 2016 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд