«Бангалуру»-и Ҳиндустон ва «Алқувва Алҷаввия» дар бозии ниҳоии Ҷоми КФО бо ҳам қувва месанҷанд
Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои нимниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё шоми дирӯз ба анҷом расиданд. Дар вохӯрии аввал дастаи «Алқувва Алҷаввия»-и Ироқ дар Лубнон соҳибони майдон дастаи «Алаҳад»-ро бо натиҷаи 3 бар 2 мағлуб карда, аз натиҷаи ду вохӯрӣ (4:3) ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифт. Соҳиби Ҷоми КФО дастаи «Чаҳор дарул таъзим»и Малайзия, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе бар чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол» бо натиҷаи 1:0 ғолиб омада, барандаи Ҷом гардида буд, дар бозии ҷавобӣ дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон ба муқобилияти сахти дастаи мизбон- «Бангалуру» рӯ ба рӯ гардид.
Дар натиҷа КФ «Бангалуру» бо ду голи Сунил Чатрӣ ва як голи Евгенисон Лингдоҳ бо натиҷаи 3 бар 1 ғалаба карда, бори аввал дар таърихи футболи Осиё ва Ҳиндустон ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифт. Вохӯрии аввали ин дастаҳо дар Малайзия бо натиҷаи 1:1 мусовӣ ҷамъбаст гардида буд.
5 ноябр КФ «Бангалуру» ва «Алқувва Алҷаввия» дар вохӯрии ниҳоӣ барои Ҷом бо ҳам қувва месанҷанд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






