Бар асари бориши борон ҳавлии хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зери об монд
Душанбе, 3.10.16. /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр бар асари бориши борон ва риоя нашудани меъёрҳои сохтмонӣ ҳангоми роҳандозии корҳои васлгарӣ ва гузоштани қубурҳои обгузар дарёи Лучоб самти ҳаракати худро тағйир дод. Дар натиҷа таҳхона ва ҳавлии хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳраки донишҷўён, зери об монд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бар асари роҳандозии корҳои фаврӣ кормандони кумитаи мазкур таҳхона ва ҳавлии пур аз лойоба, ифлосиҳо ва хасу хасрӯбаҳои хобгоҳро дар кӯтоҳтарин фурсат тоза карданд.
Ҳамчунин барои иҷрои ин кор воҳидҳои зиддисӯхтории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ҷалб карда шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






