Барои баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон 42 миллион евро ҷудо мешавад
Душанбе, 19.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ «Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» ба роҳ монда шудааст. Маросими расмии татбиқи лоиҳа 18 октябр дар Душанбе баргузор гардид. Тавре ки намояндаи Шӯрои Аврупо дар Тоҷикистон Мачея Мадалинский иброз дошт, лоиҳа аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва Шӯрои Аврупо ба маблағи 42 миллион евро амалӣ мегардад.
«Масъалаи саноати хӯрокворӣ аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон ба коркарди маҳсулоти кишварзӣ ва минбаъд маҳсулоти тайёр, ворид намудани технологияи муосир ва таъсиси ҷойҳои корӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Бинобар ин соҳибкорони ватаниву хориҷӣ бояд ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд»,-гуфт муовини вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Акрам Рӯзизода дар маросим.
Маблағи ҷудошуда аз тариқи институтҳои хурди молиявӣ ва бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи кишварзӣ қарз дода мешавад. 80 фоизи маблағгузорӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои кишвар рост меояд, ки он барои кишоварзони Тоҷикистон кумаки арзанда хоҳад гашт.
Роҳбари дафтари БАТР дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс иброз дошт, ки ҳангоми сармоягузории дурусти соҳаи кишоварзӣ коркард ва бастубанди маҳсулоти ин соҳа босифат гашта, дар дохил ва хориҷи кишвар харидорони бештар пайдо мекунад. Ин ба боло рафтани сатҳи зиндагии кишоварзон саҳм мегузорад.
Бояд зикр намуд, ки беш аз 50 фоизи қувваи корӣ ба соҳаи кишоварзӣ рост омада, он чоряки ММД- ро таъмин мекунад. Лоиҳаи нав инчунин барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ равона шудааст. Қисми аввали маблағи лоиҳа аз тариқи ташкилоти макромолиявии депозитии кишвар «Арванд» ба роҳ монда мешавад.
Дар поёни маросим байни БАТР ва «Арванд» Созишномаи «Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» ба имзо расонида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






