Баррасии Конфронси вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё Раванди Истанбул» дар Душанбе
Душанбе, 26.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 25 октябр Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Сомнат Гош ва Сафири Фавқулода ва Фухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғафур Орзуро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ сафирони кишварҳои мазкур даъватномаи муштараки вазирони корҳои хориҷии Ҳиндустон ва Афғонистонро ба унвони Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё Раванди Истанбул», ки 4 декабри соли 2016 дар шаҳри Амритсари Ҳиндустон пешбинӣ шудааст, тақдим намуданд.
Атрофи рӯзномаи конфронси мазкур ва роҳҳои тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати таъмини сулҳу суббот, эҳёи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон ва инчунин дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






