Баррасии тамоюли асосии рушди ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ дар бозори дохилию берунии ҷумҳурӣ

Октябрь 28, 2016 11:24

Душанбе, 28.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ- амалии «Масоили иҷтимоию меҳнатии такрористеҳсолкунии сармояи инсонӣ дар системаи иқтисодиёти миллии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолият» имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» хабар доданд.
Дар ҳамоиши илмиву амалӣ масъалаҳои навкунии механизмҳои инноватсионии болоравии иқтисодиёт, тағйирёбии парадигмаҳои рушди сармояи инсонии ҷумҳурӣ, бозори сармояи инсонӣ ва проблемаҳои иҷтимоию иқтисодии ташаккули он, фаъолнокии қатъии такрористеҳсолкунии сармояи инсонӣ, рушди шароити иҷтимоӣ ва истифодаи институтҳои иҷтимоӣ барои ташкили уҳдабароёнаи шаклҳои шуғл, механизми ташкилию иқтисодии тайёр кардани кадрҳои коргарии рақобатпазир дар давраи муосир, самтҳои асосии рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои корӣ ва тамоюли асосии рушди ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ дар бозори дохилию берунии ҷумҳурӣ баррасӣ мегарданд.
Дар конфронси дурӯза ҷиҳати ҳалли масъалаҳои нисбатан ҷории иҷтимоию меҳнатии такрористеҳсолкунии сармояи инсонӣ дар низоми иқтисодиёти миллии Тоҷикистон дар шароити рушди устувори иқтисодӣ тавсияҳои илмии асоснок таҳия мегарданд.
Дар кори конфронс олимону коршиносони соҳаи иқтисоди ҷумҳурӣ, равоншиносон, мутахассисон, намояндагони вазорату идораҳои гуногун, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, ки ба масъалаҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва такрористеҳсолкунии сармояи инсонӣ дар низоми иқтисодиёти миллӣ машғул мебошанд, ширкат доранд.

Октябрь 28, 2016 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд