Боздиди намояндаи ВКХ Британияи Кабир аз Парлумони Тоҷикистон
Душанбе, 06.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масоили ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир имрӯз дар Душанбе дар мулоқоти Олимҷон Салимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва Майкл Тэтхам, мудири департаменти кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир баррасӣ гардид.
Мусоҳибон ҳамзамон ба авзои Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва дигар масъалаҳо дахл намуданд.
Майкл Тэтхам аз мусоидати Тоҷикистон дар барқарории сулҳу субот дар Афғонистон, боздиди хабарнигорони хориҷӣ бо мусоидати Тоҷикистон аз Афғонистон, дастгирии лоиҳаи CASA -1000 ва сохтмони пулҳо дар марзи Афғонистону Тоҷикистон изҳори минатдорӣ намуд.
Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хю Стенли Филпотт иштирок намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






