Бозомўзии китобдорони навоҳии Кӯлоб дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Октябрь 19, 2016 10:16

kitobdoronДушанбе, 19.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 18 октябри соли 2016 дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» курси кӯтоҳмуддат ташкил карда шуд. Тавре баргузоркунандагони курси кӯтоҳмуддат иттилоъ доданд, дар ҷараёни фаъолияти ин давраи омӯзишӣ зиёда аз 40 нафар намояндагони тамоми минтақаҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла, ноҳияҳои Муъминобод, Фархор, Восеъ ва Шамсиддини Шоҳин иштирок намуданд.
Дар омӯзиш ҳайати иштирокчиён бо «Сертификат»-и омўзиши курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» сазовор гардиданд. Ҳадафи амалӣ гардидани ин курси кӯтоҳмуддат- пешрафти фаъолияти китобхонаҳо ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба мутобиқ ба шароити замона мебошад.
Бояд гуфт, ки тибқи ҳисоботи омории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ 1355 китобхонаи давлатӣ-оммавӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 2851 нафар кормандон фаъолият доранд.

Октябрь 19, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд