Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таҳсилотӣ бунёд кард
Кӯлоб, 27.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29 мутобиқ ба талаботи замон ба истифода дода шуд. Бинои муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, аз ҳуҷраи омӯзгорон, маҷлисгоҳ ва ҳафт синфхона иборат аст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29 метавонад дар ду баст 210 хонандаро ба таҳсил фаро гирад.
Муассиса бо дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи муассиса директори иҷроияи маркази Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Шералӣ Сиддиқзода, намояндаи сафоратхонаи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева ва мудири Шуъбаи маорифи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб Абдулманон Раҳмонзода ширкат варзиданд.
Дар ин бора аз Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Маълумоти АМИТ «Ховар»:
27 январи соли 1997 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ Бунёди иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон таъсис дода шуд. Баъдан 27 феврали соли 2002 барои амалӣ намудани Лоиҳаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон он ба Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон табдили ном кард.
Фаъолияти бунёд барои дастгирии молиявӣ, техникӣ ва машваратӣ ба аҳолии камбизоати мамлакат, беҳтар намудани шароити зиндагии онон аз тариқи дастрасии ин табақаи аҳолӣ ба хизматрасонӣ ва некӯаҳволӣ равона гардидааст. Он ягона бунёди иҷтимоии маблағгузорӣ буда, ба шабакаи бунёдҳои иҷтимоии маблағгузории Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ шомил мебошад, ки бо аҳолии камбизати кишвар кор мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






