Дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидани ҳадафи таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар баррасӣ шуд
Душанбе, 13.10.2016./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Ваҳдат» ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Оид ба татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафи таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар: дурнамо, дастовардҳо ва мушкилот» баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Бобошоҳзода Муҳаммадшариф, мушовири Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Сатторӣ Изатулло, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷабборзода Гулрӯ, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Асозода Нуралӣ, президенти Академияи кишоварзии ҶТ ва Акрам Рӯзиев, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ иштирок намуданд.
«Масъалае, ки имрӯз бо ибтикори Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор дорад, аз масъалаҳои муҳими имрӯзаи на танҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки тамоми сайёра ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки амнияти озуқаворӣ як унсури амнияти миллӣ низ ба шумор меравад, зеро вақте ки одамон дар ҳама ҳолат аз нуқтаи назари физикӣ ва иқтисодӣ ба амнияти озуқаворӣ дастрасӣ доранд, онҳо бештар ба тарзи ҳаёти солим ва фаъол рӯ меоранд»,-иброз дошт Бобошоҳзода Муҳаммадшариф, мушовири Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар ҷаласа.
Узви Шӯрои мазкур Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи баррасишаванда дар ҷаласа ибрози андеша намуда, гуфт: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон се масъалаи бисёр муҳим: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқавориро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки имрӯз дар рушду такмили он корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд. Имрӯз дар Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон яке аз бандҳои асосии ин се масъалаи муҳим- амнияти озуқаворӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт».
Дар ҷаласа зикр шуд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ барои амнияти озуқаворӣ саҳм мегузорад ва яке аз масъалаҳои солим будани мардуми кишвар ва рушду такомули мамлакат аз амнияти озуқаворӣ вобастагии калон дорад.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






