Дар Арманистон мавзӯъҳои марбут ба таҳкими конститутсионализм бо назардошти таҷрибаи кишварҳои мухталиф матраҳ гардиданд
Душанбе, 27.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Нақш ва аҳамияти қарорҳои Суди конститутсионӣ дар бартараф кардани норасоии қонунгузорӣ ва номуайянии ҳуқуқӣ (таҷрибаи давлатҳои мухталиф)»-таҳти чунин унвон конфронси байналмилалӣ рӯзҳои 20-23 октябри соли 2016 дар Ҷумҳурии Арманистон доир гардид, ки дар он Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода ва судяи Суди конститутсионӣ Даврон Ҳошимзода намояндагӣ намуданд.
Дар конфронс мавзӯъҳои марбут ба мониторинги конститутсионӣ ҳамчун кафолати бартараф кардани холигии конститутсионализм, принсипи волоияти қонун ва татбиқи амалии он, кафолатҳои конститутсионии мустақилияти низоми судӣ, кафолати конститутсионӣ ва иҷрои қарорҳои Суди конститутсионӣ, нақш ва аҳамияти қарорҳои Суди конститутсионӣ дар бартараф кардани норасоии қонунгузорӣ ва номуайянии ҳуқуқӣ ва дигар мавзӯъҳои марбут ба таҳкими конститутсионализм бо назардошти таҷрибаи кишварҳои мухталиф матраҳ гардиданд.
Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода дар ин ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи «Нақш ва аҳамияти қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бартараф кардани норасоии қонунгузорӣ ва номуайянии ҳуқуқӣ» маърӯза намуда, ба иштирокдорон оид ба фаъолияти густурдаи Суди конститутсионии кишвар дар самти бартараф намудани норасоии қонунгузорӣ ва воситаҳои таъмини иҷрои қарорҳои Суди конститутсионӣ маълумот пешниҳод намуд.
Дар кори ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон ва Комиссияи венетсиании Шӯрои Аврупо доир гардид, намояндагони мақомоти назорати конститутсионии беш аз сӣ кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои Аврупо, Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Арманистон иштирок намуданд.
Раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода дар доираи сафари корӣ бо раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон- Раиси Конфронси мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои демократияи нав ва намояндагони судҳои конститутсионии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Олмон, Босния ва Гертсоговина, Латвия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон мулоқот намуда, масоили марбут ба таҳкими ҳамкории судманди тарафайнро баррасӣ карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






