Дар Бразилия наздики 300 нафар маҳбусон аз беморхонаи рӯҳии маҳбас фирор карданд
Душанбе, 18.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бразилия наздики 300 нафар маҳбусон аз маҳбаси шаҳри Франко-да-Роша фирор карданд. Дар ин бора АИР «Новости» бо истинод ба изҳороти полиси маҳаллӣ хабар медиҳад.
Бино ба гуфтаи полиси маҳаллӣ, онҳо аз беморхонаи рӯҳии маҳбас фирор кардаанд. «Ҳоло 18 нафар аз фирориён дастгир шуданд», — афзуд манбаъ.
Дар баробари ин, Вазорати кор бо муассисаҳои ислоҳотии Бразилия дар бораи 55 фирорӣ хабар медиҳад.
Ин бори нахуст нест, ки дар бораи бетартибиҳо дар маҳбасҳои Бразилия иттилоъ мерасад. Чанде пеш дар бораи исён, ки бар асари онҳо дар як маҳбас 8 нафар, дар маҳбаси дигар 10 нафар ҳалок гардиданд, иттилоъ расида буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






