Дар Хатлон сафи ихтиёриён барои хизмат дар Артиши миллӣ меафзояд

Октябрь 6, 2016 16:36

Қурғонтеппа, 06.10.2016. /АМИТ Ховар/. Дар вилояти Хатлон маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон идома дорад. Имрӯз зимни маросими гусели ҷавонон, ки дар шаҳри Қурғонтеппа доир шуд, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов зикр кард, ки «солҳои охир сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Артиш мераванд, зиёд шудааст».
Дар маросими гусел наваскарон ва хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомии мустақар дар Хатлон омодагии худро барои ҳифзи марзу буми ватан изҳор намуданд. Раҷабалӣ Раҷабов бо кори комиссияи даъватии вилоят шинос гардид.
Дар доираи маросими гусел инчунин мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаи консертӣ баргузор гардиданд.

Октябрь 6, 2016 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд