Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис шаҳри Душанбе ғолиб гардид
Душанбе, 19.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 октябри соли равон дар майдони Корти тенниси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис байни калонсолон баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 40 нафар варзишгарон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Аз рӯи ҳисоби медалҳои бадастоварда дастаи шаҳри Душанбе ҷойи якум, вилояти Суғд ҷойи дуюм ва вилояти Хатлон, ки бори аввал дастаи теннисбозони худро пешниҳод намуд, ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ба ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






