Дар ноҳияи Фархор нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 63 фоиз иҷро гардид
Фархор, 15.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Кӯлоб муташаккилона ҷараён дорад. Дирӯз дар ноҳияи Фархор 20 нафар ҷавонон ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ариза пешниҳод намуда, бо иштироки падару модарон ба қисмҳои ҳарбӣ равона гардиданд.
Тавре аз комиссариати ҳарбии ноҳия иттилоъ доданд, то ин муддат нақшаи даъват зиёда аз 63 фоиз ба иҷро расонида шудааст. То ин муддат 70 нафар ҷавонон бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардиданд.
Дар ин самт ҷамоатҳои деҳоти Ғайрат, Ғалаба, «20- солагии Истиқлолият» ва Ватан пешсаф буда, нақшаҳои худро сари вақт иҷро намуданд.
Имрӯзҳо мушкилот оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ба чашм намерасад, зеро маъулини комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор дар ҷамоати шаҳраку деҳот оид ба даъвати ҷавонон вохӯриҳои судманд доир менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






