Дар ноҳияи Гулистон наздик ба 50 км роҳҳои мошингард таъмир карда шуданд
Гулистон, 15.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи «Барномаи вилоятии роҳҳои обод», ки давоми се соли охир ҷараён дорад, дар самти таъмиру навсози роҳҳои асосии мошингард корҳо идома доранд. Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз бахши нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд, дар шаҳраки барқчиён дар доираи иҷрои барномаи мазкур соли равон корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
То 10 октябр дар миқёси ҷамоату шаҳракҳои шаҳри Гулистон 49 км роҳҳои мошингард таъмиру тармим гардиданд, ки аз он дар масоҳати 3 км корҳои таъмири асосӣ, 21 км таъмири ҷорӣ ва 25 км корҳои шағалпўшкунӣ ба анҷом расонида шуда, кормандони идораи таъмири роҳҳои шаҳр азм доранд бо истифода аз ҳавои мусоид то оғози фасли сармо дар самти ободониву таъмири роҳҳои маркази шаҳр, Ҷамоати шаҳракҳои Консой, Сирдарё, Адрасмон ва Зарнисор боз чанд километр роҳҳоро аз таъмир бароранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






