Дар Панҷакент барои сайёҳон маркази иттилоотӣ кушода мешавад
Душанбе, 27.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистону Бӯстон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешқадами сайёҳӣ масъалаи рушди инфрасохтори сари роҳ, хизматрасонии ошхона, тарабхона ва меҳмонхонаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар дода, изҳор намуданд, ки «дар ин ҷараён мулоқоти роҳбарияти Кумита бо ширкатҳои сайёҳии вилояти Суғд баргузор шуда, пешниҳод гардид, ки дар шаҳри Панҷакент бо такя ба имконият ва захираҳои бойи сайёҳӣ, аз қабили Саразми бостон, Панҷакенти қадим, Ҳафткӯл, Панҷрўд, мавзеи сайёҳии Артуч, ёдгории таърихии Хоҷа Муҳаммади Башоро ва Санҷартеппа кушодани Маркази иттилотӣ ва мағозаи савғотӣ барои сайёҳон дар назди Шўрои рушди туризми Зарафшон, ки чанд сол боз фаъолияташ маҳдуд шуда буд, таъсис дода мешавад».
Айни замон мутахассисон барои хизматрасонӣ дар ин марказ то охири сол аз омўзиш ва таҷрибаи марказҳои иттилотии шаҳрҳои Хуҷанд ва Хоруғ гузашта, аз аввали мавсими сайёҳӣ дар соли 2017 он ба таври расмӣ ба фаъолият оғоз менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






